Шараф Шерализода эътимоднома ба Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женеваро супорид

20 июли соли 2023 дар маросими супоридани эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Мудири кулли шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хонум Татяна Валовая баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ба вежа ҳалли мушкилоти обӣ ва тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва хатару чолишҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

акс: ВКХ ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE