Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус вохӯрӣ намуд

20 июл вохурии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Игор Брило баргузор шуд. Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои муҳтавоии ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамзамон дар мавриди иштироки эҳтимолии ширкатҳои номдори агросаноатӣ ва саноати сабуки Беларус дар ҳамоишҳои сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE