Супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Словакия аз ҷониби Фарҳод Салим

29 июни соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд)  Виктор Боретскиро қабул намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо робитаҳои дуҷониба ва шарокат дар доираи ниҳодҳои байналмилалиро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Словакияро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ муваффақият таманно намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE