Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» ифтитоҳ гардид
6 январи соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи мазкур Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» мавриди истифода қарор дода шуд.Кӯдакистон дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, имрӯз бо беҳтарин шароит ба фаъолият оғоз кард. Кӯдакистон аз гурӯҳи сину солӣ иборат буда, дар он кӯдакон аз 1 сола то 6 сола қабул карда мешаванд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигар масъулин аз шароити фароҳамгардида дар ин кӯдакистон дидан карданд. Дар саҳни кӯдакистон чор айвончаи замонавӣ ва мавзеъҳои муҷаҳҳаз барои бозии кӯдакон бунёд гардидааст. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» бо беҳтарин шароит мавриди истифода қарор гирифт.Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон барои 450 кӯдак пешбинӣ шуда,ба кӯдакон дар баробари машғулиятҳои таълимӣ инчунин забонҳои англисӣ, русӣ фанни математика, мусиқӣ омодагӣ ба мактаб, инкишофи нутқ ва тейквандо омӯзонида мешаванд. Шумораи умумии кормандон 20 нафарро ташкил медиҳад. Ошхонаи кӯдакистон бо ҷиҳози лозима муҷаҳаз буда, бо тамоми маҳсулот таъмин мебошад.Ҳамчунин дар ин руз бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо – Тика дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсӣ бунгоҳи тиббии Маркази саломатии шаҳрии №1 пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Қайд намудан ба маврид аст, ки амбулаторияи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ба 29 541 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Бунгоҳи тибби бо таҷҳизоти наву замонавӣ ва бо утоқхои тозаву озода муҷаззонида шудааст.