Италияи нотакрор маротибаи дуюм дар Чемпионати Аврупо унвони қаҳрамониро ба даст овард

16-умин рақобати финалии Чемпионати Аврупо бо иштироки мунтахабҳои Англия ва Италия доир шуд. Бозии мазкур дар майдони “Уэмбли” – и шаҳри Лондон доир шуда, бар суди Италия хатм ёфт. Бозиро мунтахаби Англия фаъолона шурӯъ намуда, дар дақиқаи дуюми майдондорӣ Люк Шоу голи дастаашро ба самар расонду англисҳоро пешсаф сохт. Бо як голи тими Англия нимаи аввал ба анҷом расид.
Қисмати дуюми майдондориро итолиёиҳо беҳтар ва бо ҳуҷумҳои хатарноки худ оғоз намуданд. Фаъолнокии онҳо буд, ки дар дақиқаи 67-ум  ҳимоятгари дастаи “Ювентус” ва тими миллии Италия Леонардо Бонуччи  гол ба самар расонида, баробариро дар ҳисоб таъмин намуд. Бо кӯшишу талошҳои зиёд ҳар ду даста дар вақти боқимондаи дидор ва вақтҳои изофӣ ба задани гол даст наёфтанд. Ғолиб ва ҷоизадори ЕВРО – 2020 баъди силсилазарбаҳои ҷаримавӣ муайян шуд. Мунтахаби Италия бо ҳисоби 3 бар 2 тими миллии Англияро дар майдони хонагии худашон ва назди мухлисони зиёди англис шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст оварданд.
Мунтахаби Италия дар тӯли мавҷудияти худ бори дуюм ҷоизадори Чемпионати Аврупо гардид. Итолиёиҳо бори аввал соли 1968 дар сеюмин Чемпионати Аврупо унвони қаҳрамониро ба даст оварда буданд. Барои тими миллии Англия бошад ин иштироки аввалин дар финали Чемпионати Аврупо буд ва он ҳам бо мағлубият барои англисҳо хатм шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE