Имрӯз дар Душанбе нишасти солонаи Марказҳои Орхус доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти солонаи Марказҳои Орхус баргузор гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони марказҳои 14 давлати дунё иштирок намуда, фаъолияти худро дар соли равон натиҷагирӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Доир ба фаъолияти Марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода шуда, нақши онҳо дар таъмини рушди устувор, рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, хусусан дар шароити тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2001 ба Конвенсияи Орхус ҳамроҳ шуд. Соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи Орхусро таъйин ва ҳайати нахустини гурӯҳи кориро тасдиқ намуд. Дар Тоҷикистон аввалин Маркази Орхус соли 2003 дар Душанбе таъсис дода шуд, ки воситаи муҳими пешбурди Конвенсия дар мамлакат гардид.Бо мақсади татбиқи Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими равобити мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар заминаи созмонҳои ҷамъиятӣ шабакаи Марказҳои Орхус — дар шаҳрҳои Хуҷанд (2005), Бохтар (2009), Хоруғ (2011), Турсунзода (2013), Рашт (2014) таъсис дода шуд.

Марказҳои Орхус бо дастгирии созмону барномаҳои донорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа- қабулкунандагони қарор, судяҳо, кормандони воситаҳои ахбори омма ва дигар гурӯҳҳои мақсадноки ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд лоиҳаҳо ва чорабиниҳоро амалӣ намуданд. Ҳамин тариқ, шабакаи Марказҳои Орхус, ки тамоми минтақаҳои мамлакатро фаро мегирад, ҳамчун платформаи ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, инчунин сарчашмаи иттилооти экологӣ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор хизмат менамояд.

Иштирокдорони нишасти солонаи Марказҳои Орхус масъалаҳои муҳими марбут ба нақши марказҳоро ҷиҳати ҷалби ҷомеа барои иштирок дар қабули қарорҳо вобаста ба масъалаҳои муҳити зист, пешбурди принсипҳои иқтисодиёти “сабз” ва нақши Марказҳои Орхус дар идоракунии партовҳои хатарнокро баррасӣ намуданд.

Тоҷикистон соли 2001 ба Конвенсияи Орхус ҳамроҳ гардид. Конвенсияи Орхус – конвенсияи Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид «Доир ба дастрасӣ ба иттилот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» мебошад. Конвенсия ба он хотир номи Орхусро гирифтаст, ки моҳи июни соли 1998 дар шаҳри Орхуси Дания дар конфронси вазирони муҳити зисти давлатҳои Аврупо дар доираи ҷараёни «Муҳити зист барои Аврупо» ба имзо расонида шудааст.

Ҳадафи Конвенсияи Орхус таъмини кафолати ҳуқуқҳои экологии инсон, ҳифз ва нигоҳдории муҳити зисти солим барои наслҳои оянда мебошад. Конвенсия даъват менамояд, ки ҳукуматҳо ба таври ошкоро ба шаҳрвандон маълумоти экологиро пешниҳод намуда, барои иштироки аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ замина фароҳам оранд. Ҳар ҷониб уҳдадор аст, ки барои амалисозии низоми Конвенсия дар доираи қонунгузории миллии худ сохтори мушаххас кушояд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мутасаддӣ барои татбиқи Конвенсияи Орхус таъйин гардидааст.

Интизор меравад, ки иштирокдорони нишасти солонаи Марказҳои Орхус ба шаҳри Норак сафар намуда, бо иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» ва тавлиди энергияи “сабз” дар ин неругоҳ шинос гарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE