Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2023» оид ба гӯштини ҷудо 7 варзишгар муаррифӣ менамоянд
Аз 24 то 26 октябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam 2023») оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) байни 453 варзишгар (285 мард ва 168 зан) аз 80 давлати ҷаҳон доир мешаванд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 7 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев, ҳарду дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг намояндагӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаҳои мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam-2023» 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, ба барандагони медали нуқра 3000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд. Барандагони медали тилло соҳиби 1000 хол, барандагони медали нуқра соҳиби 700 хол ва барандагони медали биринҷӣ соҳиби 500 хол мегарданд.
Қобили тазаккур аст, ки паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов соли гузашта медали биринҷии Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини ҷудоро ба даст оварда буд.