Барои кӯдакону наврасон филми тасвирии “Алифбо” таҳия гардид
Нишасти матбуотӣ доир ба ҷаъмбасти фаъолияти муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар нимсолаи аввали соли 2023 бо иштироки масъулини ин нигоҳ ва рӯзноманигорон баргузор гардид. Зимни нишаст қайд гардид, ки “Тоҷикфилм” барои омӯзиши кӯдакону наврасон филми тасвирии ‘Алифбо”-ро бо ҳамкории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, ки дар оянда ба намоиш гузошта мешавад. Дар баробари ин филми мустанади таърихии “Тоҷикон” ва филми ҳуҷҷатии “Сарез” низ таҳия ва ба тамошобинон пешкаш хоҳад шуд.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе