Дар се коргоҳи дӯзандагии шаҳри Ҳисор 44 ҳазор либоси мактабӣ дӯхта мешавад

о ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Маркази савдои байналмилалии  шаҳр ярмаркаҳои мактабӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳри Ҳисор

Ташкили нуқтаи фуруши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш дар маркази   шаҳр   барои  хонандагон ва падару модарони онҳо, инчунин омӯзгорону кормандони соҳаи маориф тадбири муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дар шаҳри Ҳисор ҳоло се коргоҳи  дӯзандагӣ амал мекунад, ки дар онҳо либосҳои мактабӣ духта мешавад. Тибқи нақшаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корхонаҳо  барои дӯхтани 44 ҳазор либоси мактабӣ уҳдадор шуда, бо муассисаҳои таълимӣ низ шартнома бастаанд.

Тибқи иттилои мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти шаҳри Ҳисор Пайрав Сайфиддинов,  дар шаҳр то имрӯз ба андозаи беш аз 60 фоизи нақша либоси мактабӣ  омода шудааст. Тибқи шартнома, он ба муассисаҳои таҳсилӣ дастрас гардида, дар ярмаркаҳои мактабӣ низ ба фурӯш бароварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE