Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад. Дар ин хусус 11 март зимни вохӯрии маҷозии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо муовини директори генералӣ ва намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар вохӯрӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Имзои Ёддошт ба сари вақт ва бо сифати баланди ташкилӣ баргузор намудани Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар конфронс намояндагон аз 54 мамлакати аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

