Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Урметан идора доранд. Сел 150 метр роҳро дар Лахш барои ҳаракати нақлиёт номумкин кард

Шабонарӯзи гузашта дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ корҳои зерин  ба анҷом расонида шуданд:

– барои расонидани кумак ба оилаҳои осебдида, тоза кардани қубурҳои интиқоли об, кӯчаву роҳҳо аз селовардаҳо мақомоти иҷроияи ноҳияи Айнӣ 150 нафар сокинон ва 7 адад техникаи муҳандисиро ҷалб намуд. Дар натиҷа то имрӯз 4 хонаи истиқоматӣ, 2 иншооти ёрирасон, 200 метр роҳ ва 80 метр селроҳа аз ҳар гуна селовардаҳо, лою лойқа пок шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мақомоти иҷроияи  ҳукумати ноҳияи Зафаробод ба зарардидагон аз офати табиӣ маводи ғизоӣ, аз ҷумла 500 кило орд, 100 кило макарон, 56 литр равғани рустанӣ, 100 кило сабзӣ, 300 кило пиёз ва дигар маҳсулоти боғдорӣ кумак намуд. 

Дар айни замон корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома дорад.

31 июли соли 2023 тахминан соати 18:00 дар киломатри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш, ки аз тариқи Арпчакаппаи ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Нуробод убур мекунад,  бар асари болоравии дамои ҳаво об шудани пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа сатҳи оби кӯли Сугати боло рафта, об аз соҳил берун шуд ва чун як сели хурӯшон 150 метр роҳро зери об кард ва бо лойоба пӯшонд. Ин буд, ки муваққатан роҳ барои ҳаракати мошинҳо номумкин гашт. 

Бо мақсади бартараф кардани паёмадҳои ин офат хадамоти роҳи ноҳияи Лахш 4 адад техникаи муҳандисиро ҷалб намуд. 1 август роҳ пурра тоза ва ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

акс: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE