Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»-ро дар ноҳияи Данғара ботантана пешвоз гирифтанд
Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 октябр Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» бо пешниҳоди амалиёти ҷарроҳӣ ба омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов супорида шуд. Дирўз дар маркази ноҳияи Данғара Ҷаҳонгирро бо тантана пешвоз гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.
Соли сеюм аст, дар баробари дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Давоми ду соли баргузории ин озмун ягон нафар соҳиби Шоҳҷоиза нагардида буд. Имсол якумин Шоҳҷозаи озмун аст, ки ба соҳибаш расид.
Ҷаҳонгир Дадаҷонов иброз дошт, ки «бароям мояи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз барандаи аввалини Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гардидам. Пеш аз ҳама миннатдории бепоёни худро ба Пешвои илмпарвари миллат баён менамоям. Инчунин ба ташкилкунандагони дигари озмун изҳори сипос менамоям. Ваъда медиҳам, ки дар оянда ба халқу Ватанам софдилона хизмат намуда, дар пешрафти илми тибби мамлакат саҳми арзанда мегузорам».