Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 99,3% иҷро гардид

“Ба ҳолати 4 июли соли 2023 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки ба андозаи 1 миллиарду 928,2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, дар асл бояд 1 миллиарду 914,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нақша баробари 99,3 фоиз иҷро гардидааст”- изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Дилмурод Давлатзода директори Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масъулин иҷро нагардидани буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ дар ин давраро ба омилҳои гуногун аз ҷумлаи пардохт нагардидани ин маблағҳо аз ҷониби соҳибкорон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳконӣ ва пинҳон намудани даромадҳо аз ҷониби ин табақаҳо рабт доданд.

Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE