Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни мумфаршкунии роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии «Роғун-Обигарм-Нуробод»
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат — Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази шаҳри Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” шинос шуданд.
Сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ 9,8 километрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, дар роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” як пул бо дарозии 1593 метр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он аз рӯи лоиҳа 11 километрро ташкил медиҳад, барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад.
Соли 2021 корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат оғоз гардиданд.
Қабати асосии роҳ – гузоштани обравҳо ва селпертоҳо пурра омода гардида, айни ҳол бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳсозӣ корҳои мумфаршкунӣ аз ду тараф- ҳам аз қисмати марказии шаҳр ва ҳам аз қисмати даромад ба шаҳри Роғун идома доранд. То имрӯз баъд аз анҷоми пурраи корҳои заминӣ мумфаршкунии роҳ оғоз гардид.
Ҳоло дар ҳама қитъаҳои сохтмони роҳ 44 нафар коргарони маҳаллӣ машғули кор буда, кор аз ду самт тибқи нақша ва бо риояи технологияи муосири роҳсозӣ идома дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷдид ва навсозии роҳи мазкур дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод, марҳилаи якум амалӣ шуда, раванди корҳои иҷрогардида ҳамарӯза аз ҷониби кормандону мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо назорат ва пеш бурда мешавад.
а сохтмони 47 қубури обгузар ва12 такядевори оҳану бетонӣ ба итмом расида, дар 25 нуқта корҳои бозсозии такядеворҳои ҳимоявии сангӣ идома доранд.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад ва раванди корҳои иҷрошуда пайваста таҳти назорати мутахассисон қарор дорад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар мегирад.
Дар айни замон дар ин масир сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ бо маром идома дорад.
Бо талошу заҳмати роҳсозон корҳои ҳаффорӣ дар нақби мошингузари “Тагикамар” 1505 метр иҷро шудаанд. Дар асоси лоиҳа насбу ҷобаҷогузории қубурҳои обгузари оҳану бетонии қабати асосии роҳ низ идома дорад.
Дар татбиқи ин марҳила қариб 1000 нафар мутахассисону сохтмончиён заҳмат мекашанд, ки аксарият сокинони маҳалӣ мебошанд.
Таҷдид ва навсозии ин роҳ шароите фароҳам овард, ки шаҳрвандони маҳалӣ дар баробари соҳиби ҷойи кори мувофиқ ва маоши баланд гардидан инчунин дар обод намудани ватани хеш саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он аз 12 то 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд.
Қисмати мумфаршсозии роҳи мошингард аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.