Имрӯз дар Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мешавад.
Дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мегардад.
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ соат 10:00 (кӯчаи Турсунзода, 82, рӯ ба рӯи Литсейи алоқа) доир мешавад.