Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»
Муассис ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 000 сомонӣ, захмигашта 5 000 сомонӣ, ба оилаҳое, ки аъзояшон ҳалок гардидаанд 5 000 сомонӣ ва барои навсозии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба Исфара хароб шудаанд 100 тонна семент кумак намуд.
Акбар Асадулло зикр намудааст, ки «дар чунин лаҳзаҳои душвори Ватан мо набояд бетараф бошем. Ҳар кадоме бояд тавре ки метавонем дар ҳимояи марзу буми хеш саҳм гузорем. Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст».
«Лозим шавад, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонамонро нисор мекунем. Биёед, дасти ба даст гирифта, сарзамини аҷдодиамонро ҳифз намоем.Дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдарду мадагори сарбозони Ватан бошем», — мегӯяд ӯ.
Манбаъ: facebook.com