Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода ба сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ оғоз бахшида шуд
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар оғоз бахшидани корҳои сохтмонӣ иштирок намуда, ҳамзамон дар ҷамоати деҳот қабули сайёри шаҳрвандон гузаронданд.
Бояд гуфт, ки иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд карда мешавад.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкории деҳот роҳбарияти шаҳри Турсунзода ба меҳнати содиқонаву софдилонаи мардум изҳори сипос намуданд.
Муроҷиати сокинони деҳот, ки бештар ба хотири мусоидат ба ободиву созандагии маҳал, таъмири мактабҳо, роҳҳои байнидеҳавӣ ва дигар шароит ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон буданд, аз ҷониби раиси шаҳр ҷонибдорӣ ёфтанд.
Тибқи маълумоти расида, дар шаҳри Турсунзода то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 400 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, ҳоло корҳо дар иншоот идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода