Ифтитоҳи Неругоҳи барқии офтобӣ дар ноҳия Мурғоб

Санаи 16 августи соли 2023 дар доираи сафарии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба ин восита ба таври маҷозӣ Неругоҳи барқи- офтобӣ бо иқтидори 600 квт ва насби таҷҳизоти захиракунандаи энергия бо иқтидори 1200 квт дар маркази ноҳия Мурғоб мавриди истифода қарор доданд. Ҳамзамон, дар ин асно Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ бо фаъолият ва иқтидорӣ истеҳсолии неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин неругоҳ дар якҷоягӣ бо неругоҳи обии барқии Тоҷикистон ва неругоҳи офтобии мавҷуда то 2,3 меговат қувваи барқ истеҳсол намуда, таъминоти талаботи маркази ноҳия ва деҳаи Куҳна Курғани Ҷамоати деҳоти Ғ.Бердибаеви ноҳияи Мурғобро бо кувваи барқ пурра таъмин менамояд.

Ҳамзамон, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо баромад намуда қайд карданд, ки ин иқдом, натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гушаи дурдасти Ватанамон мебошад, сокинони онро барои ояндаи неку равшан дилпур сохта, бошукригузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю инсондустонаи Сарвари давлат барои оянда кору фаъолият намуда истодаанд, ибрози андеша кард.

Ҳар як сафари Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва ноҳия бо баракоташ ба иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ ва зебогии ноҳия ҳусни нав зам намуда истодааст.

Аз ин дастовардҳо сокинони ноҳия руҳу илҳоми тоза гирифта барои амалисозии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза кӯшиш намуда истодаанд. Сокинони ноҳия ба ояндаи дурахшони Ватани азиз минҷумла ноҳияи Мурғоб таҳти таваҷҷӯҳ ва сиёсати хирадиандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доранд. Барои амалӣ намудани ин ниятҳо ба Ватани азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муваффақияту комёбиҳо орзу намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE