Канда шудани пиряхи Деҳдал дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод мавриди баҳсу барасии коршиносон қарор гирифт

Имрӯз дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони “Ҳаракати пиряхи Деҳдал ва ҳолати кунунии он” нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар кори он мутахассисони соҳа аз агентии мазкур, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    ва намояндагони ВАО ширкат намуданд. Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода, зимни нишаст аслан ҳодисаи санаи 25 октябр канда шудани пиряхи Деҳдал дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод мавриди баҳсу барасии коршиносон қарор гирифт. Масъулин рух додани ин ҳолатро бо сабаби набудани боришот  ва гармии ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон дар ин минтақаи мамлакат арзёбӣ намуданд.Зикр рафт, ки дар гузашта низ 6 ҳолати ҳаракати пирях ба қайд гирифта шуда бошад ҳам  ин кучиши он дар соли ҷорӣ бесобиқа будааст. Ба маълумоти масъулин пиряхи Деҳдал ин навбат тахминан тули 15 дақиқа беш аз 5 километр ҳаракат намуда, баландии он аз  35 то 40 метр паҳнои он бошад ба 400 метр баробар будааст.

Т.Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE