Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Реҷеп Тайип Эрдоган

03.05.2022 17:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат Сарварони ду кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр якдигарро самимона табрик гуфтанд.  Роҳбари давлати мо ба мардуми бародари Туркияи дӯст сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд.

Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат бо ишора ба аҳаммияти идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба даъвати хешро аз Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ҷиҳати дар муҳлатҳои муносиб анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон таъкид карданд.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE