Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекини Ин Юн мулоқот намуданд

21 август дар доираи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин  барои истиқболу меҳмоннавозии самимии анъанавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳимми таҳкими шарикии стратегӣ  маҳсуб ёфта, маҷмӯи санадҳои байнидавлатии  зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзошуда ба рушди минбаъдаи  ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин равона гардидааст.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ки ҷавобгӯи ҳадаф ва принсипҳои шарикии стратегӣ мебошад, таваҷҷуҳи доимӣ дода мешавад.

Дар мулоқот ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи пойтахтҳо аз рӯи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки Пекин имрӯзҳо бо шоҳкориҳои меъморӣ, асарҳои санъат ва ёдгориҳои таърихии худ шумораи зиёди сайёҳонро аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ҷалб кардааст. Пекини муосир бо инфрасохтори рушдкарда ҳамчун маркази сиёсӣ, таълимӣ ва фарҳангии Чин ба меҳвари баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ ва фарҳангиву оммавӣ табдил ёфтааст.

Тавре таъкид гардид  иқтисодиёти Пекин бо суръати баланд рушд ёфта,  симои он мунтазам дигаргун мешавад, ки муаррифгари меҳнати созанда ва дастовардҳои мардуми Чин  мебошад.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолӣ ва рушди сайёҳӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Душанбе ба ҳайси бародаршаҳри шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао, Хайнан ва шарики шаҳри Чэнду ҷиҳати таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин корҳои назаррас анҷом медиҳад.

Ҳамчунин, изҳори боварӣ карда шуд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо шаҳри Пекин барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои мутақобилаи байни пойтахтҳо, тавсеа ва таҳкими робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ такони тоза мебахшад.

Дар ҳошияи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE