ОМОДАГӢ БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

30 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш ҷаласа баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ ва дигар намояндагони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазоратии маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазоратро ба муносибати Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти онҳо бурдборӣ таманно намуд. Вазири маориф ва илм зикр кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар мақоми аввал гузошта шудааст. Ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф зиёд мешавад, ки ин барои рушди соҳа таъсири мусбат мегузорад. Дар ин радиф, кормандони бахши дастгоҳи марказии вазоратро мебояд, ки ҷиҳати пешрафти соҳа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

Раҳим Саидзода диққати ҳозиринро ба корҳои ободонӣ ва таъмири бинои вазорат, маҷлисгоҳ ва дигар раёсату шуъбаҳои дастгоҳи маказӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки ин ҳама аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавваҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин росто кору фаъолият дар чунин шароити фароҳамшуда, завқи зебоипарастӣ, фаъолияти поквиҷдонона ва ғамхорӣ нисбати соҳа, барои беҳтар намудани соҳаи маориф заминаи хубро муҳайё менамояд.

акс: Маркази матбуоти Вазоратии маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE