Дар Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

14 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар кори он волонтёрони фаъол, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд, хабар доданд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақсад аз баргузории Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ муттаҳид намудани волонтёрон, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати омӯхтани равишҳои инноватсионӣ барои амалӣ намудан ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи фаъолияти волонтёрӣ ҳамчун амали муҳим барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Вазифаҳои асосии форуми мазкур аз мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои волонтёрӣ иборат буда, дар раванди баргузории форуми мазкур ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти ҳаракатҳои волонтёрии давлатҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дастовардҳои худро дар ин раванд муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон иштирокчиёни форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои мубрам оид ба тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути якҷоя намудани саъю кӯшишҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки волонтёрӣ ибрози андеша менамоянд.

Ҳамзамон форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE