Дар шаҳри Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ ҷараён дорад

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор гаштаистодааст.
Ҳадафи аслии форум муттаҳид кардани волонтёрон, созмонҳои волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва ҷонибҳои манфиатдор барои омӯзиши равишҳои инноватсионии татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ мебошад. Дар ин бора ҳамкорамон Мижгонаи Насриддин иттилоъ медиҳад.
Масъалаҳои муҳим ва мубрам оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор тавассути муттаҳид намудани кӯшишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки волонтёрӣ баррасӣ гардидаистодааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE