Сафари Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон анҷом ёфт
Имрӯз пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ, ки 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз шаҳри Душанбе ба Боку баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуда, маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон Илҳом Алиев дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.