Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ
21 сентябри соли 2023 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) ширкат намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ ба аҳамияти татбиқи иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла амалисозии долонҳои нақлиётию транзитии минтақавӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.
С. Муҳриддин ҳамчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва иқлим рӯй оварда, онҳоро ҳамчун самтҳои авлавиятноки кишвар унвон кард ва аз давлатҳои LLDC даъват намуд, ки аз имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” истифода намуда, дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об (июни 2024) фаъолона ширкат намоянд.