Баргузории мусобиқаи велосипедронӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

Дар асоси банди 14 Нақшаи чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 сентябри соли 2023, №461 ба тавсиб расидааст, Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода С.С., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Ш.А., директори Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе Камолов Р., намояндаи Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ва дигар масъулини соҳаи варзишӣ пойтахт доир гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р. вобаста ба рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба намуди варзиши велосипедронӣ, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншоотҳои варзишии пойтахт суханронӣ намуда, тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро, ки аз манотиқи кишвар ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар чорабинии болозикр ташриф оварданд хайрамақдам намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар фарҷом ба ғолибон ва ҷоизадорони чорабинӣ, ки дар панҷ масофа аз рӯи синну сол қувваозмоӣ намуда буданд, медал, диплом, туҳфа ва ҷом қадрдонӣ карда карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE