Дар Душанбе дар мавзуи «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад

13 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ  «Ховар».

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Шоҳнома»–номаи паҳлавонию ҷавонмардӣ», «Аз Пешдодиён то Каёниён (сакоӣ ва сиистонӣ)», «Баррасии додаҳои бостоншиносӣ ва ҳамсӯии онҳо бо «Авесто» ва «Шоҳнома», «Искандари Мақдунӣ дар нусхаи хаттии мусаввири Абулхайриён «Шайбониён», «Таъсири фарҳанг ва забони «Шоҳнома» дар шибҳи қораи Ҳинд, бахусус Покистони кунунӣ», «Ҷуғрофиёи таърихии маконҳои пуртакрор дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Аҳаммияти китоби «Канзул-маориф» дар тасҳеҳи «Шоҳнома», «Шоҳномапажуҳӣ дар Тоҷикистон», «Тасвири Исфандиёр дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», Бозҷӯии вожагони «Шоҳнома»-и «Фирдавсӣ дар гӯйишҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқии Тоҷикистон», «Тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ бо баҳрагирӣ аз «Шоҳнома» ва ғайра аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ маърузаҳо пешниҳод мегардад.

Конференсия аз 4 бахш: таърих, фалсафа, ҷуғрофия, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳанг ва ҳунар иборат буда, ду рӯз идома меёбад.

«Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ аст. Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офаридани ин китоби нодир сарф намудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE