Соли 2024 Форуми 10-уми ҷаҳонии об дар Бали баргузор мешавад
Дар ҳошияи Вохӯрии дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми 10-уми ҷаҳонии об, ки дар Бали (Индонезия) баргузор шуд, мулоқоти Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи пешвоёни об ва иқлим Султон Раҳимзода бо Вазири корҳои ҷамъиятӣ ва сохтмони манзили Индонезия Басуки Ҳадимулҷоно баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар котиботи Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ташкилии Форуми 10-уми ҷаҳонии об, ки аз 18 то 24 майи соли 2024 дар Бали баргузор мегардад, мубодилаи афкор намуданд.
Султон Раҳимзода аҳамияти пешбурди натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба захираҳои обро дар соли 2023 дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ва худи форум иброз дошта, зарурати идомаи талошҳои муштаракро дар ин самт таъкид намуд.
Қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи рӯзномаи об ва дигар тадбирҳои мушаххас муҳокима гардиданд, то масъалаҳои об пайваста дар маркази рӯзномаи сиёсии ҷаҳонӣ қарор гиранд.
Табодули афкор дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Индонезия дар ҳошияи СОР 28 (Конфронси чаҳорчӯбаи СММ) дар Дубай доир шуд, то ин ки нақши об дар рӯзномаи иқлимӣ, аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии СОР 28 (Конфронси чаҳорчӯбаи СММ) тақвият ёбад.