Ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об дар Лисабон иштирок намуд

27 июн дар доираи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар шаҳри Лисабон Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Симпозиум бо сухани ифтитоҳии Вазири муҳити зист ва иқлими Португалия Дуарте Кордейро, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва кооперативҳои Кения Франсис O. Овино, ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин оғоз гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар бораи кӯшишҳои Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд, раванди татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти пиряхҳо дар ҳифзи захираҳои об ва ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 чун соли байналмиллалии муҳофизати пиряхҳо сухан гуфт.

Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об яке аз чорабиниҳои муҳимми тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE