КОНФРОНСИ ИЛМИЮ ОММАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии гемофилия имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию оммавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарият ва азъои ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиилоъ доданд.

Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 6 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Дар конфронс гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Федератсияи ҷаҳонии гемофилҳо бори аввал гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд, ки гемофилҳои дунё аз ин гуна шиноснома истифода мебаранд. Бартарияти ин шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кардан маълумот дода шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE