Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Заркорон” оғози расмӣ бахшиданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” ҳамчунин ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Корхона дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд шуда, дар он мурғи навъи бройлер парвариш мешавад. Ҳоло дар ин сех 4500 сар мурғ парвариш ёфта, раванди нигоҳубини чӯҷаҳо тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Мурғи гӯштӣ то 45 рӯз парвариш ва баъдан забҳ мешавад. Вазни меъёрии мурғи бройлер то 2,2 килограмм буда, ҳамчун гӯшти парҳезӣ ба бозорҳои дохилӣ содирот мегардад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол мувофиқи дурнамо, зиёда аз 100 тоннаро ташкил дода, дар марҳилаҳои баъдӣ ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи мурғпарварӣ ба фаъолияти корхона ва имконияти парвариши мурғи гӯштӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати зиёд намудани истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ вазифадор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи мурғпарварӣ дар 3 марҳила анҷом ёфта, дар марҳилаҳои дуюм ва сеюм бунёди боз ду сехи дигар барои зиёд намудани саршумори паранда дар назар дошта шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” ҳамчунин корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ бо 4500 сар мурғ фаъолият менамояд. Айни ҳол дар корхона дар як рӯз то 4000 дона тухм истеҳсол шуда, дар ҳоли пурра ба фаъолият пардохтани он ҳаҷми истеҳсол низ зиёд хоҳад шуд. Ҳоло коргоҳ бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар бозори дохилӣ мавқеи хосса дорад.

Президенти мамлакат аз ташаббусҳои соҳибкорон ҷиҳати ҳамовозии онҳо дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, ба масъулин барои боз ҳам вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавриди тазаккур аст, ки як ҷузъи маҷмуи иншооти мавҷудаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”-ро парваришгоҳи парандаҳои нодир ташкил медиҳад, ки дар масоҳати 1,20 гектар бунёд гардидааст. Дар ин бешазори нигоҳдошти парандаҳои нодир 7 навъи паранда, аз қабили кабк 2 ҳазору 574 сар, мурғи ороишии брама 217 сар, фазан 64, мурғи марҷон 1445, товус 14 ва кабутар 23 сарро ташкил медиҳад.

Ҳамаи парандаҳои мавҷуда ба иқлим ва релефи ноҳияи Муъминобод мутобиқ буда, ҳадафи таъсиси парваришгоҳ зиёд намудани саршумори ин намуди парандагон мебошад. Ҳоло нигоҳубини парандаҳо дар шароити табиӣ ба роҳ монда шуда, ҷараёни парвариш зери назорати қатъии мутахассисон қарор дорад. Бунёди парваришгоҳи парандаҳои нодир дар минтақаи агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”-и ноҳияи Муъминобод яке аз бандҳои тарҳрезигардида бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба яке аз маконҳои зебои сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши фазан, ки яке аз парандаҳои зебои нодир мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани саршумори ин навъи паранда маслиҳатҳои муфид доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE