Аз пагоҳ дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад

Аз пагоҳ дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, дунусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб  карда мешавад.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.

«Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои  6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад», -гуфт ӯ.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд  аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод  намоянд.

Бояд гуфт, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE