Даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Финляндия баргузор шуд
25 октябр даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия тариқи маҷозӣ баргузор шуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва директори генералии департаменти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финландия Мария Лиивала доир гардид.
Дар машваратҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, илму маориф, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуд.
Омодагӣ ва рағбати ҷонибҳо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат дар ҳамаи соҳаҳои мутақобилан муфид изҳор гардид.