Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот намуд
26 октябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ, ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим, фаъолияти густурда дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, қолаби Чин ва Осиёи Марказӣ, Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкорӣ тибқи созишномаи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани иқтидори гузаргоҳи Кулма — Қаросуро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, хусусан иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, бахши энергетика ва дигар масъалаҳои рӯзномаи сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар мулоқот вобаста ба масоили марбут ба амнияти минтақа ва вазъи Афғонистони ҳамсоя низ гуфтугӯ анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ва сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин баҳои баланд дода, самти густариши ҳамкории минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷониби Чин омодагии худро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Дар умум сатҳи ҳамкорӣ баҳои баланд гирифта, баҳри боз ҳам рушд додани он изҳори омодагӣ ва ҳавасмандӣ шуд.