Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои СААД пешниҳод гардиданд

Дар қароргоҳи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Тавсия оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соҳаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ёддошти тавзеҳӣ ба ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ин тавсияҳо бо пешниҳоди Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ тибқи банди 22 банди 1 Барномаи фаъолияти Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои солҳои 2021-2025 пешниҳод шудааст.

«Дар шароити муосири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳоҷирати аҳолӣ объективона унсури муҳимтарине аст, ки фаъолияти самараноки ҳам механизмҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳам миллиро таъмин менамояд. Яке аз тамоюлҳои номусоиди рушди падидаи муҳоҷирати аҳолӣ дар ҷаҳони муосир миқёси афзояндаи шаклҳои ғайриқонунии он мебошад», — иброз намуд дар ҷаласа муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Алексей Башан.

Таҳиягарони тавсияҳо ҳамчунин таъкид намудаанд, ки дар ин санад имкони ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ҳар нафаре, ки тартиби муқарраршудаи муҳоҷиратро вайрон менамояд, пешбинӣ шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE