Тоҷикистон ва Русия дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳоро эътирофи мутақобила намуданд
Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ қонунӣ гардида, расмиёти дохилидавлатии он ба анҷом расид. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоъ медиҳад.
Ҳуҷҷат ба рушди иқтидори муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди ҳаракати академикии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд.
Ҳамкории ду давлат дар соҳаи маориф ва илм босуръат рушд ёфта, имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла дар барномаҳои аспирантура таҳсил менамоянд.
Нишондиҳандаҳои назарраси ҳаракати академикӣ созишномаро дар бораи эътирофи мутақобила ва баробарии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо аз 24 ноябри соли 1998 таъмин менамуданд. Дар баробари ин, баъзе масъалаҳо тибқи қонунгузории миллии давлатҳо барои баррасии мақомоти салоҳиятдор боқӣ монданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими имзои созишнома 3 март дар Душанбе бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков баргузор гардид. Шартнома моҳи октябри соли равон эътибор пайдо намуд.