ТАРҲҲОИ ДИПЛОМАТИИ С5+1 ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш гузаронида шудТАРҲҲОИ ДИПЛОМАТИИ С5+1 ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ.
Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарҳҳои дипломатии С5+1 дар Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оғоз шуд, ки дар он олимону мутахассисон, намояндагони масъули вазорату сохторҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коршиносон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш изҳор дошт, ки сол то сол робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналмилалии сиёсӣ ва ташкилоти молиявию қарзӣ торафт густариш ёфта, самарабахш мегарданд.
Ба гуфтаи директори марказ, ин далели он аст, ки густариши сиёсати «дарҳои боз», муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми давлатҳои олам ҳамчун афзалияти устувору бетағйири сиёсати хориҷии мамлакати мо боқӣ мемонад.
«Бинобар ин новобаста аз печидагии вазъи ҷаҳони муосир робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун дар доираи қолаб ва абзори мавҷудаю ташаккулёбанда рушд меёбад», — афзуд мавсуф.
Таъкид гардид, ки қолаби 5+1 имкон фароҳам овард, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ равобити худро бо кишварҳои дигар ҳарчи бештар ба масири ҳамкории мутақобилан судманд, солим ва пойдор равона созанд.