Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ ҳамкориро вусъат мебахшанд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ноиби президенти университети Хирошима-Президенти ҷамъияти арзёбии Ҷопон, профессор Йоко Ишида ва ҳайати он баргузор гардид, ки зимни он ҳамкории мутақобилан судманд дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки тибқи қисми 5, банди 18 Низомномаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо Котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, яке аз вазифаҳои асосии он ҳамоҳангсозии амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо барномаву стратегияҳои соҳавию минтақавӣ мебошад.
Ҳамзамон дар доираи Гурӯҳи кории 13-и Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ва Ҳадафҳои рушди устувор корҳо тақвият дода шуда, якҷо бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даврҳои омӯзишӣ ва машваратҳо бо ҷалби мутахассисон аз Ҷопон бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) гузаронида шуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби профессор Йоко Ишида дар мавзуи «Бозёфтҳо ва омӯзишҳо оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар Тоҷикистон» рӯнамо пешкаш гардида, масъалаҳо вобаста ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии ҷумҳурӣ ва мушкилиҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат изҳор намуданд.