Дар қаҳвахонаи «Мерве»-и шаҳри Душанбе таркиш ба амал омад

Имрӯз, 30 октябр тақрибан соати 13:24 дар қаҳвахонаи  «Мерве», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ таркиш ба амал омад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Ҳодиса дар натиҷаи таркиши  гази моеъ ба амал омадааст.

Дар натиҷа ду нафар шаҳрванд- як корманди қаҳвахона  ва як мизоҷи он ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамзамон як воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарар дидааст.

Ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE