Дастаи «Панҷшер» аз Лигаи якум ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ ёфт

Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозии даври 24-уми Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисорро мағлуб намуд. Пас аз ин ғалаба даста бо 50 итмиёз дар зинаи аввал мавқеашро мустаҳкам намуда, ҳуқуқи иштирок дар мавсими ояндаи Лигаи олиро ба даст овард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо назардошти тафовут нисбат ба таъқибкунандагон дар ҳоли бохт дар ду бозии ояндааш ҳам даста аз зинаи дуюм поёнтар намефарояд.

Ёдовар мешавем, ки таъқибкунандаи асосии дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан мебошад, ки ҳоло бо 46 имтиёз дар зинаи дуюм ҷой дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE