Дар Душанбе доир ба забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад

31 октябр, соати 10:00 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо. 

Дар конференсия олимони русшинос, намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи забони русиро дар илми муосир баррасӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар мамлакатҳои иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шудааст.

Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE