ТАВАҶҶУҲ! Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз резиши сангу фаромадани тарма ҳушдор медиҳад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, бинобар гарм шудани ҳавои рӯзҳои охир ва ба амал омадани бориш аз 31 январ то 2 феврал дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ва рехтани сангҳо зиёд аст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда, эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус аз Кумитаи мазкур хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар баъзе қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ ва хатари фаромадани тармаю сангрезаҳо баланд боқӣ мондааст.Ҳангоми сафар ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки аз ҳолати роҳҳо бохабар бошанд, ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ ва ё минтақаҳои хафвноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE