Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Хоруғ, Ваҳдату Ҳисор ва Бохтару Рашт мағозаҳои корхонаи «Қолинҳои Душанбе» кушода мешаванд
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе» дастур доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Хоруғ, Ваҳдату Ҳисор ва Бохтару Рашт низ марказҳои фурӯши қолинҳо таъсис дода шаванд, то сокинон ба қолинҳои замонавӣ дастрасии бештар пайдо намоянд. Дар ин хусус зимни ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, гуфта шуд.
Зимни ба истифода додани корхонаи мазкур тазаккур дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» аллакай ба ҳаҷми истеҳсолоти ширкати «Қолинҳои Қайроқум» наздик шудааст, ки ин раванд нишона аз хуб ба роҳ мондани тавлидоти маҳсулот ва рақобатпазир истеҳсол шудани он мебошад.