Имрӯз дидори дастаҳои Истиқлоли Душанбе ва Персиполиси Теҳрон баргузор мегардад

Имрӯз7 ноябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бо яке аз дастаҳои пурқуввати қора- дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон рақобат менамояд.

24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон бо иштироки 36 450 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон анҷом ёфт.

Вохӯриҳои боқимондаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе

7 ноябр | Даври 4

 «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)

27 ноябр | Даври 5

 «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

5 декабр | Даври 6

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE