Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Урдун ва Покистон муайян гардид

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо  дастаҳои мунтахаби  Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) эълон намуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 ноябр дар шаҳри  Душанбе омодагӣ ба бозиҳоро оғоз менамояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаҳои мунтахаби  Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE