Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии 11-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии 11-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Дар вохӯрӣ ҳайатҳои давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Узбекистон ва Молдова иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар нишаст иштирок намуд.
Дар нишаст котибони шуроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори ИДМ масъалаҳои хавфу таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ дар ҷаҳон ва дар фазои ИДМ, таъмини суботу оромии давлатҳои ИДМ дар шароити афзоиши таҳдидҳои гибридӣ, масъалаҳои истифодаи об ва ҳамкорӣ дар соҳаи идора, истифода ва ҳифзи муштараки захираҳои обро баррасӣ намуданд.
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ҳамзамон оид ба масъалаҳои баррасишуда сухан гуфт.
Дар ҳошияи чорабинӣ котибони шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия нақшаи ҳамкории дастгоҳҳои шуроҳои амнияти ҳарду давлатро барои солҳои 2024-2025 ба имзо расониданд.