Хатсайри нави сайёҳии «Душанбе-Ҳисор-Турсунзода» тавассути қатора ифтитоҳ ёфт
Ширкати сайёҳии «Шумон тур» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотию хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода дар масири «Душанбе-Ҳисор-Турсунзода» тавассути қатора хатсайри нави сайёҳӣ ифтитоҳ намуд, хабар доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар».
Бори нахуст тавассути ин хатсайри сайёҳӣ бо қатора муҳассилини мактабҳои шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, бо ёдгориҳои таърихӣ ва имконоти сайёҳии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода шинос гардиданд.
Тавре мудири ширкати «Шумон тур» Бахтовар Аминзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом баланд бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар замири хонандагон буда, ҳамчунин татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ мебошад.
Хатсайри сайёҳии «Душанбе-Ҳисор-Турсунзода» хусусияти табиию экологӣ ва таърихию фарҳангӣ дошта, сайёҳон тавассути ин масир нахуст ба шаҳри Ҳисор рафта, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табии шаҳр, аз ҷумла, мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», Маҷмаии фароғатию фарҳангии «Шаршара»-ро тамошо намуданд.
Сипас дар ҷараёни сайёҳат бо имконияти сайёҳии шаҳри Турсунзода шинос гардиданд. Аз ҷумла, боғи фарҳангиву фароғатӣ ва Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода рӯҳияи сайёҳонро болида сохт.
Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба сайёҳон доир ба таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик маълумоти ҷолиб ва мушаххасу муфассал пешниҳод сохтанд. Ташкили чунин хатсайрҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар мусоидат менамояд.
Ширкати сайёҳии «Шумон тур» тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар масири «Душанбе- Ёвон-Бохтар-Кӯлоб» хатсайри сайёҳӣ тавассути қатора ба роҳ монад.