Имрӯз ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ қадрдонӣ мешаванд

Имрӯз ғолибони мусобиқаи 13-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  54 варзишгар аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ғолибону ҷоизадорон бо мукофотҳои арзишманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадршиносӣ мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE