Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Бишкек сафар намуданд
16 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.